Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлия Тимошенко ба назди хабарнигорон ҳозир мешавад


Қарор аст, имрӯз Юлия Тимошенко - нахуствазири Украина, нахустин бор баъд аз даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳур дар ҳузури матбуот сӯҳбат кунад. Бо шумориши тақрибан ҳамаи оро аз интихоботи рӯзи якшанбе, рақиби Тимошенко, Виктор Янукович орои кофиро барои пирӯзӣ дар интихобот ба даст овардааст. Аммо Юлия Тимошенко ҳанӯз шикасти худро эътироф накардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, шояд вай бо иддаъои интихоботи ноодилона аз натиҷаҳои он шикоят кунад. Аммо айни замон нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, интихоботи раёсати ҷумҳури Украинаро «намоиши тасхиркунандаи демократия” хонда ва хостори таҳвили осоиштаи ҳукумат шуданд.
XS
SM
MD
LG