Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи иттиҳом алайҳи табиби Майкл Ҷексон


Рӯзи душанбе табиби Майкл Ҷексон овозхони шинохтаи ҷаҳониро расман ба қатли инсон аз беэҳтиётӣ муттаҳам карданд, ки 25 июни соли 2009 даргузашт. Додситонҳо Конрад Мюррей – табиби бемориҳои дилро, ки рӯзи марги Майкл Ҷексон ҳамроҳи ӯ буд, ба “иқдоми ғайриқонунӣ ва бидуни кина”, ки ба марги овозхон расонидааст, муттаҳам кардаанд. Дар айбномаи додситонҳо, омадааст, ки Конрад Мюррей ба хотири хобидани Майкл Ҷексон "бидуни эҳтиёт ва эҳтиёткории зарурӣ" ба вай доруи қавии оромкунанда додааст. Майкл Ҷексон аз таъсири доруи қавии мадҳушкунандаи пропофол ҳалок шуд. Доктор Мюррей гуфтааст, ки худаш ба мақомоти пулис таслим хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG