Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфу тарма роҳи номзадҳоро бастааст


Аҳзоби бахши вилоятии назҳати исломӣ ва сотсиал–демократи Тоҷикистон дар як як нишасти хабарӣ дар Хоруғ изҳори нигаронӣ карданд, ки маъракаи таблиғотии номзадҳо бар асари тармарезӣ ва банд шудани роҳҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гуфтаи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов, се рӯз аст, ки ҷиҳати банд будани роҳҳои нақлиёти номзадҳо ба вакили аз имкони мулоқот бо интихобкунандагон дар навоеҳи Шуғнону Роштқалъа ва Мурғоб маҳрум гардидаанд.

Вай афзуд, дар роҳи бозгашт аз ноҳияи Ишкошим онҳо роҳро дар баъзе ҷойҳо дасти тоза карда гузаштаанд ва барои онҳо муҳим аст, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳарчи бештари интихобкунандагон ба навоҳӣ ва маҳалҳои дурдаст сафар кунанд.

Раиси вилоятии Ҳизби назҳат Сироҷиддин Калонов изҳор дошт, ки номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳизби назҳат дар ҳавзаи интихоботии 40-и Ванҷ Мирзораҳим Кузов дар пайи анҷоми мулоқот бо интихобкунандагон дар маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бинобар барфпӯш будани ағба маҷбур шудааст ба Душанбе пас гашта, боз барои идомаи мулоқот бо интихобкунандагон аз тариқи роҳи Кулоб-Хоруғ озими Бадахшон шавад.

Ҷаноби Калонов гуфт, боришоти зиёди барфи рӯзҳои ахир ҳамчунин имкони сафар ва мулоқотро бо интихобкунандагон дар маҳалҳои дурдасти Ванҷи боло, Язгулом ва Бартанги ноҳияи Рушон маҳдуд кардааст.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои масъулини муассисаи давлатии роҳҳои Бадахшон, масири Хоруғ-Ишкошим барои ҳаракакти нақлиёт боз шуда, кӯшишҳо барои тоза кардани роҳҳо аз барфу тарма дар дигар самтҳо идома доранд.

Раиси вилояти Бадахшон Қодир Қосим дар нишасти хабарӣ гуфт, бархе аз шоҳроҳҳо, ки дар пайи боришоти зиёди барф муваққатан баста шуданд, боз гаштаанд ва барои пеш бурдани корҳои таблиғотӣ монеае вуҷуд надорад.

Аммо ба дунболи поёни нишасти хабарӣ дар муассисаи давлатии роҳҳои Бадахшон ба мо гуфтанд, ки роҳҳо ҳануз банд буда, пас аз чанд соат кушода мешаванд.
XS
SM
MD
LG