Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои ҷанги лафзии Тошканд ва Душанбе


Нахуствазирони Узбакистон ва Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Оқил Оқилов
Нахуствазирони Узбакистон ва Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Оқил Оқилов

Коршиносон мегӯянд, радду бадали номаҳои сарвазирони Узбакистон ва Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳҳои ҳалли дипломатии сохтмони нерӯгоҳи Роғун тай шудааст ва ё дигар эътимоде ба он боқӣ намондааст.

Аммо бо ин вуҷуд бештари таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки Тоҷикистон дар муқоиса бо оғози солҳои 90-ум имкони дифоъ аз мавқеи худро дорад ва Ӯзбакистон низ наметавонад дар амри ҷилавгирӣ аз сохтмони Роғун аз нерӯ кор бигирад.

Сарвазири Тоҷикистон дар номаи ҷавобии худ ба Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, изҳор доштааст, ки ҳеҷ яке аз барномаҳои энержии Тоҷикистон бар зидди минтақа нест ва Тоҷикистон дар ин замина омодаи ҳамкорӣ ба ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

МУКОТИБАИ НАХУСТВАЗИРОН

Паёми аслӣ дар номаи изтиробомези Шавкат сарвазири Ӯзбакистон, ки ҳафтаи гузашта дар матбуот мунташир шуд, ин буд, ки Тоҷикистон қабл аз шурӯи сохтмони нерӯгоҳи Роғун санади таҳқиқи бехатарии ин сохтмонро аз сӯи коршиносони байналмилалӣ дастар намояд. Зеро, ба бовари Ӯзбакистон, сохтмони нерӯгоҳи мазкур аз лиҳози экологӣ ва аз лиҳози таъмини амнияти сейсмикӣ пайомадҳои нохушеро метавонад дар пай дошта бошад.

Вале Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, дар номаи ҷавобии худ мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар ду сол пеш ба Бонки ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои марбутаи СММ дар мавриди анҷоми таҳқиқи фаннӣ ва илмии ин нерӯгоҳ ва ҳамин тавр ду дафъа ба ҳукумати Узбакистон дар ин бора муроҷиат карда буд. Аммо Узбакистон то ба имрӯз сукут ихтиёр кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар бар идомаи тавсеаи барномаҳои обиву барқии кишвараш таъкид кард. Оқои Раҳмон рӯзи душанбе дар ҷаласаи ҳукумат дастур дод, ки суръати корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-2», «Роғун», «Нуробод» ва «Шӯрообод»-ро тезонанд.

Зимнан сарвазири Узбакистон дар интиҳои номаи худ бо лаҳни шадиде таъкид мекунад, ки дар сурати сохта шудани нерӯгоҳи Роғун мувозинати муҳити зист дар минтақа хароб мешавад ва Узбакистон маҷбур аст барои ҷилавгирӣ аз он ба созмонҳои байналмилалӣ шикоят барад.

НАЗАРИ СЕВВУМ

Ахиран дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе Александро Палмиеро, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, минтақаи хатарзои зилзила будани маҳалли нерӯгоҳи «Роғун»-ро таъкид кард, аммо гуфт, «Агар Роғун сохта шавад, он сарбанди баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Дуруст аст, ки неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи заминларза воқеъ аст, вале бо истифода аз технологияи пешқадами сохтмони сарбанд зарари заминларза ба сарбанд метавонад то ҳадди талаботи бехатарӣ маҳдуд карда шавад.

Албатта эҳтиёҷ ба таҷрибаи олӣ ва дониши олии ҳам миллӣ ва ҳам байналмиллалӣ вуҷуд дорад. Ин кори осон нест, вале имконпазир аст. Тарсу ҳароси Ӯзбакистон асос дорад, вале онҳоро метавон бо илму дониш ва иртиботи муносиб рафъ ва ҳаллу фасл намуд. Ҳангоми тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳа ба инобат гирифтани эҳтиёҷи мардум, кишвар ва минтақа муҳим аст. Агар ҳамаи амалҳои зикршуда иҷро карда шаванд, ин масъалаҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт. Баъдан, татбиқи ин лоиҳа дар байни дигар пешниҳодҳо натиҷаи беҳтарин ба бор хоҳад овард.

Лоиҳае мисли Роғун барои рушди маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ бояд имконият фароҳам орад. Агар ин се вазифа иҷро карда нашаванд, ман тасаввур намекунам, Роғун чӣ гуна метавонад бунёд шавад."


Ба навъи дигар намояндаи Бонки ҷаҳонӣ таъйид мекунад, ки Тоҷикистон ҳақ дорад, ин нерӯгоҳро бисозад, вале бояд ҳама ҷанбаҳои сохтмон ва пайомадҳои он ба инобат гирифта шавад.

ФИШОРҲОИ УЗБАКИСТОН

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳамакнун Ӯзбакистон фишорҳои худ болои Тоҷикистонро бештар мекунад. Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, мегӯяд, феълан Тоҷикистон на дар сатҳу мавқее қарор дорад, ки битавонад бидуни Ӯзбакистон шароити иқтисодии кишварро беҳбуд бахшад.

Вай меафзояд, ҳоло ҳама роҳҳо аз қаламрави Ӯзбакистон мегузарад ва гази табии мо низ аз ин кишвар аст. Аз ин рӯ Тоҷикистон бо истифода аз нуфузи созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бояд дурустии мавқеи худро собит кунад.

Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд, новобаста аз ташдиди ҷанги лафзӣ миёни ин ду кишвар ӯ баъид медонад, ки Ӯзбакистон барои тахриби нерӯгоҳи Роғун аз нерӯи низомӣ кор бигирад. Зеро ин кишвар дар дохили худ дучори чолишҳоест, ки барои роҳандозии амалиёти низомӣ алайҳи кишвари ҳамсоя имконият намедиҳад.

Аз сӯи дигар, ба фарқ аз солҳои 90-ум, ҷомеаи Тоҷикистон пароканда ва ба қисматҳо ҷудошуда нест. Гузашта аз ин барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сармояи мардум ҳам истифода шуда истодааст, ки ин ҳама авомил як чунин имконотро ба Ӯзбакистон нахоҳад дод.

ДАР ҶУСТУҶӮИ РОҲИ ҲАЛ

Аммо як нуктае, ки аксарияти коршиносони тоҷик рӯи он ишора мекунанд ин аст, ки ин ду кишвар метавонанд бидуни миёнаравҳо ва ё бо ҳузури миёнаравҳо баҳси бархоста бар сари нерӯгоҳи Роғунро дар паси мизи музокирот ҳал кунанд.

Зеро ин мушкил мушкили ҳукуматҳост ва ҳукуматҳо бояд тарзе аз салоҳият ва ваколатҳои худ истифода кунанд, ки мардум ранҷ накашад, дар ҳоле ки имрӯз мардуми ду кишварро зери таблиғи расонаҳо ва афкори сарҳои гарм дар вазъияти хусумат қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG