Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон


Ширкати "Тоҷиктрансгаз"-и Тоҷикистон мегӯяд, ки Ӯзбекистон бидуни огаҳии қаблӣ ғайриинтизор интиқоли газро ба Тоҷикистон киҳиш додааст. Сухангӯи ширкати мазкур ба матбуот гуфтааст, ки аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ интиқоли газ коҳиш ёфтааст. Бояд дар як соат Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 28 000 метри муккааб газ бигирад, вале ҳоло дар як соат танҳо 15 000 метри муккааб газ аз Ӯзбекистон ворид мешавад. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, сабабҳои коҳиши интиқоли газ маълум нест. Аз оғози соли ҷорӣ то ҳол бори дуввуми интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон коҳиш меёбад. Ҳоло миёни ин ду кишвари ҳамсоя роҷеъ ба сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад. Ӯзбекистон ҳарос дорад, ки бо такмили сохтмони ин ниругоҳ Тоҷикистон маҷрои обро зери контрол мегирад ва мазореи паҳновари пахта дар Ӯзбекистон камоб мемонад.
XS
SM
MD
LG