Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми раъйгирӣ дар Украина идома дорад


Мардуми Украина имрӯз дар даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ аз байни сарвазири феълӣ Юлия Тимошенко ва раҳбари мухолифин Виктор Янукович бояд якеро интихоб кунанд.
Тимошенко, яке аз роҳбарони инқилоби норанҷии соли 2004 таҳдид кардааст, ки дар сурати тақаллуби оро тарафдоронашро ба тазоҳуроти густарда даъват хоҳад кард. Дар соли 2004 пирӯзии Янукович дар пайи эътирозҳои густардаи мардум лағв шуда буд. Янукович рӯзи 17 январ дар даври аввали раъйгирӣ назар ба Тимошенко 10 дарсад раъйи бештар ба даст овард ва тибқи назарсанҷиҳо, дар даври дуввум низ бартарӣ дорад. Ҳарду довталаб хостори беҳбуди равобит бо Маскаванд. Равобити Украина бо Русия дар аҳди раисиҷумҳури феълии ғарбгаро Виктор Юшенко ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG