Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қутии сиёҳ"-и ҳавопаймои Эфиопияро ёфтанд


Нирӯҳои вижаи Лубнон “қутии сиёҳ”-и ҳавопаймои мусофирбари Эфиопияро, ки дар моҳи январ дар соҳилҳои Лубнон суқут карда буд, берун кашидаанд. Бар асари он сониҳа ҳамаи 90 сарнишини ҳавопаймо ҳалок шуданд.
Як мақоми амниятии Бейрут ба хабаргузории Ройтерс гуфт, нирӯҳои коммандоси Лубнон “қуттии сиёҳ”-и ҳавопаймои суқуткардаро пайдо кардаанд ва бояд акнун ба дасти кумитаи масъули таҳқиқи ин қазия бисупоранд.
Ҳавопаймои Boeing 737-800, ки аз Бейрут ба Адис-Адеба, пойтахти Эфиопия, ё худ Ҳабашистон, парвоз мекард, баъди ҳамагӣ чанд дақиқаи бо вуҷуди ҳавои пуртӯфон аз пойтахти Лубнон ба парвоз даромаданаш дар рӯи баҳр суқут кард.
XS
SM
MD
LG