Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари коршиносон ба номаҳои ду сарвазир


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба номаи ҳамтои узбакистониаш Шавкат Мирзиёев дар мавриди нигарониҳои ин кишвар аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун номаи ҷавобӣ навишт ва гуфт, Тоҷикистон ба ҳеҷ сурат мавқеи худро дар мавриди идомаи ин тарҳи ҳаётан муҳим барои аҳолиаш тағйир нахохад дод.

НОМАИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ БА САРВАЗИРИ УЗБАКИСТОН

НОМАИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА САРВАЗИРИ ТОҶИКИСТОН

Ба назари Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ, посухи расмии сарвазири Тоҷикистон ҷониби Ӯзбакистонро шояд мӯътақоид накунад. Чунки Тоҷикистон натавонистааст, ки дар заминаи дипломатӣ ва коршиносӣ ин сохтмони муҳимро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кунад. Ба боварии ҷаноби Сайфуллозода, Ӯзбакистон дар сатҳи байналмилалӣ тавонистааст, ки паҳлӯҳои хатар доштани нерӯгоҳи Роғунро нишон бидиҳад. «Ҳарчанд, далелҳои Ӯзбакистон асл надорад. Вале боз ҳам бармегардем ба ҳамон мушкилии нотавонмандии дипломатӣ ва коршиносии ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, ки натавонистааст зарурати онро на танҳо барои кишвар, балки барои минтақа ва берун аз он муаррифӣ кунад. Агар дар қатори далелҳои Ӯзбакистон далелҳои худро қотеъона мегуфтанд, дар сатҳи дипломатӣ ва коршиносӣ, масъала ҳалли худро меёфт.»

Ҳикматулло Сайфуллозода афзуд, сарвазири Тоҷикистон бори аввал аст, ки бо ин усул, бо таври ошкор, тариқи матбуот ва дар сатҳи байналмилалӣ ба номаи кишвари ҳамсоя посух медиҳад. Ҳарчанд, қаблан, пардапӯшона ва бо каналҳои дипломатӣ посух дода мешуд. Ба назари ӯ, ин маънои онро дорад, ки бо ҳамон каналҳои махсус ҷониби Тошкандро қаноатманд карда натавонистанд ва маҷбур шуданд, ки ошкор посух гӯянд, вале маълум нест, ки то кадом андоза далелҳои сарвазири Тоҷикистон Ӯзбакистонро мутмаин мегардонанд.

Иброҳим Усмон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, посухи сарвазири Тоҷикистонро як гоми мустаҳкам дар ҳифзи иншооти ҳаётан муҳим медонад. Ӯ мегӯяд, сохтмони нерӯгоҳи Роғунро Тоҷикистон нав сар накардааст, балки раванди сохтмони онро идома медиҳад.
«Тоҷикистон ҳақ дорад, ки худашро ба кишвари саноатӣ табдил диҳад. Тамоми паҳлӯҳои экологӣ, амниятӣ ва хатарзо будан ва ё набудани нерӯгоҳ таҳқиқ шудааст. Дигар ин ки аллакай дар замони Шӯравӣ ҳудуди 700-800 миллион барои сохтмон сарф шудааст. Ташаббускори ин иқдом ҳам роҳбари кишвари ҳамсоя буд, пас чӣ гуна боз хатар дорад? Мӯҳтавои номаи сарвазири Тоҷикистон ҳам дуруст аст.»

Иброҳим Усмон мегӯяд, Тоҷикистон ҳамеша мекӯшад, ки бо кишварҳои ҳамсоя муносиботи хуб дошта бошад ва ҳамеша аз ҳаққи онҳо дифоъ мекунад. Вале бояд дар ҳифзи ҳуқуқи худ ҳам ҳамин гуна тасмим бигирад.
XS
SM
MD
LG