Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои хунин дар Доғистону Чеченистон


Бар асари силсилаи ҳамлаҳо ва даргириҳои ахир дар минтақаи Қафқози шимолии Русия, дастикам 16 нафар, бо шумули раҳбари милисаи шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистон, кушта шуданд. Раҳбари милисаи Махачқалъа Аҳмад Муҳаммадов ҳамроҳ бо ронанда ва ду муҳофизаш рӯзи ҷумъа бар асари ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба мошини онҳо ҷони худро аз даст дода, рӯзи ҷумъа дар таркиши бомб раҳбари бахши мубориза бо терроризми вазорати умури дохилаи Доғистон низ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, бар асари даргириҳои ду рӯзи охир дар ҷумҳурии ҷангзадаи Чеченистон, дастикам 6 чирикӣ ва 5 тан аз нирӯҳои Русия кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG