Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

284 хонавода аз Тоҷикистон ба Русия кӯчидааст


Намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Душанбе гуфтааст, ки аз замони шурӯъи Барномаи кӯчонидани ҳамватанон, яъне аз соли 2007 ба ин сӯ, 284 хонавода тибқи ин барнома аз Тоҷикистон ба Русия кӯч бастаанд. Олег Коберник, корманди ин дафтар ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ки аксари хонаводаҳои кӯчида дар вилоёти Липетск, Калуга ва Калининграду Твери Русия макони нави зист пайдо кардаанд.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз 5 568 нафар аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон дархости кӯчидан ба Русия кардаанд.
XS
SM
MD
LG