Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи Ҷоми Рустам Долтабоев


5-уми феврал дар шаҳри Душанбе сабқати интихобии Ҷоми хотираи Рустам Долтабоев, яке аз аввалин футболбозони саршиноси тоҷик, шурӯъ шуд.

Бозиҳои минтақаи Душанбе бо ширкати 6 даста (се тим аз пойтахти кишвар - «Энергетик», ССКА «Помир» ва РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ), ду тим аз шаҳри Турсунзода – «Регар» ТадАЗ ва «Ҷавонон» ва тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат) дар майдони футболи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон ҷараён доранд. Вале дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аз ширкат дар ин мусобиқа даст кашид, зеро дар ҳамин ҳол 7 бозигари ин даста дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар Қатар ба Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё омодагӣ мебинанд.

Дар нахустин бозии даври аввали марҳилаи муқаддамотӣ дастаи «Энергетик» бар тими «Ҷавонон» бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳарду голро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаҳои 9-ум ва 56-уми бозӣ ба самар расонд.

Дар ду бозии дигари даври аввал ССКА «Помир» бо «Регар» ТадАЗ ва РШВСМ бо «Хайр қувваозмоӣ мекунанд.

Бозиҳои даври дуввум рӯзи якшанбеи 7-уми феврал байни дастаҳои «Энергетик» - «Хайр», ССКА «Помир» - «Регар» ТадАЗ ва РШВСМ - «Ҷавонон» баргузор мешаванд.

Шавкат Аҳмадов, масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сабқати интихобӣ дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон баргузор мешавад. Чаҳор дастаи беҳтарин аз минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ба даври ниҳоӣ, ки 9-уми март дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG