Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои шуғли ғайрирасмӣ


Дар Тоҷикистон бахше аз мардум, ба хусус занҳо, кори ғайрирасмӣ доранд .Қисме аз онҳо дар корхонаҳои хусусӣ кор мекунанд ва масъулон ба хотири напардохтани молиёт номи онҳоро аз мақомот пинҳон медоранд.

Бархе дигар дар манзили афроди алоҳида хизматкорӣ мекунанд, ки он ҳам кори қонунӣ ҳисоб намешавад. Ин бахши ҷомеа на бо кордиҳанда қарордод мебандад ва на молиёт месупорад. Собиқаи кории онҳо низ дар мақомоти давлатӣ сабт намешавад. Корфармо манфиатдор нест, ки коргар қарордод талаб кунад ва молиёт пардозад. Зеро ин хароҷоти корфармо ва масъулияти ӯро дар назди қонун ва коргар бештар мекунад.

Аммо пайомади ин гуна пинҳонкорӣ чи гуна хоҳад буд? Зиёни молӣ ба давлат, маҳрум шудани коргар аз кӯмакҳои иҷтимоӣ ва ҳаққи бознишастагӣ аз умдатарин мушкилотест, ки ин қишр дар пирӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» пайомади меҳнати ғайрирасмӣ дар Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст:

Шуғли ғайрирасмӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00
XS
SM
MD
LG