Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшченко қонуни интихоботи Украинаро ислоҳ кард


Виктор Юшченко – раиси ҷумҳури Украина, имрӯз тарҳи ислоҳи қонуни интихоботро имзо кардааст, бо вуҷуди он ки иддаъо мешуд, ислоҳи қонун метавонад, боиси тақаллубкорӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи якшанбе шавад. Юлия Тимошенко – нахуствазири Украина рӯзи чаҳоршанбе, рақибаш Виктор Януковичро ба он муттаҳам кард, ки мехоҳад, бо ислоҳи қонуни интихобот, дар интихобот тақаллуб кунад. Вай таҳдид кард, ки дар сурати тақаллуб, мардумро ба тазоҳурот хонда ва ба гуфтаи худаш Инқилоби Норанҷии Дуввумро доир хоҳад кард. Дар сурати ислоҳи қонун, намояндагони номзадҳо ҳақ нахоҳанд дошт, зимни ҳисоби раъйҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG