Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони хурдсол ва қисмати мушкил


Сафаралии 16-сола, муҳоҷири навраси тоҷик, дар фурӯдгоҳи пойтахт, ба фарқ аз дигар муҳоҷирони ба ватан баргашта, хеле нороҳату афгор менамуд. Дидор бо модару пайвандон ҳам барои ӯ чандон хушоянд набуд. Зеро, ин муҳоҷири наврас на бо хоҳиши худ, балки 2 ҳафта қабл аз сӯи пулиси Русия барои сафар ва будубоши ғайриқононунӣ дар Русия боздошт ва иҷборан ба Тоҷикистон баргардонида шуд.

Сафаралӣ, ба хотири пешбурди зиндагии модару хоҳаронаш, 3 моҳ қабл тарки таҳсил карда, ҳамроҳи тағояш роҳи Русияро пеш гирифт. Аммо, мегӯяд Сафаралӣ, то замони боздошту ба ватан ирсол шуданаш, дар пайи дарёфти ҷои кору макони зист дар Маскав ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шудааст:

“Проблема бисёр буд, вале ман мехостам ҳамон ҷо монаму, кор ёфта, кор кунам. Ҳуҷҷатҳоям ҳама дуруст буд, фақат ба хотире, ки ваколатнома надоштам, ки ба хоҳиши падару модарам ба муҳоҷират омадаам, маҷбурӣ ба Тоҷикистон фиристоданд. Ҳоло намедонам чӣ кор мекунам. Худо медонад, ки мактаб равам.”

Модари Сафаралӣ хонум Гулрафтор, ки аз ноҳияи Ҷиргатол ба пешвози писари муҳоҷираш ба Душанбе омада буд, гуфт, маризиву бекорӣ ва бори гарони таъмину тарбияи фарзандон дар танҳоӣ, ӯро водор кард, то ягона писари ноболиғ ва ҳам беморашро ба муҳоҷирати корӣ равон кунад.

“Пасспорташ гирифтем, бо тағояш рафт. Охир фикр кунед, як зан бо 3 кӯдак ва бе ҷойи кор чӣ рӯзгоре дошта метавонад. Хайр, гуфтам раваду, бо ба зиндагиямон ягон ёрдам кунад. Охир ӯ ҳам калон шудаст. Зан мегӯяд, хона мегӯяд.”

Тибқи иттилои хадамоти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар самти
Охир фикр кунед, як зан бо 3 кӯдак ва бе ҷойи кор чӣ рӯзгоре дошта метавонад. Хайр, гуфтам раваду, бо ба зиндагиямон ягон ёрдам кунад. Охир ӯ ҳам калон шудаст. Зан мегӯяд, хона мегӯяд.”
баргардонидани наврасони тоҷик аз кишварҳои хориҷ кор мебарад, танҳо дар як соли гузашта беш аз 50 муҳоҷири ноболиғи тоҷик аз Руссия ба Ватан баргардонида шуданд. Ба гуфтаи Латиф Зокиров, раҳбари хадамоти мазкур, феълан, дар маркази нигаҳдории муваққатии ноболиғони Русия боз 2 навраси дигари тоҷик нигоҳ дошта мешаванд, ки бояд рӯзҳои наздик ба Ватан интиқол ёбанд.

“Ин ду ноболиғ ҳам ба мардикорӣ машғул буданд ва расман дар он ҷо истиқомат ва кор намекарданд. Сабаби асосии истирдодашон ҳам бе ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва бепарастор будани онҳо дар ин кишвар аст ”

Латиф Зокиров, раҳбари хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонон, мегӯяд, таи солҳои ахир мавориди рӯ ба муҳоҷират овардани наврасони тоҷик афзоиш меёбад. Ба ақидаи ӯ, чанд омил боиси ба кишвари муҳоҷират роҳ ёфтан ва дар рӯ ба рӯи мушкилоти фаровоне танҳо қарор гирифтани кӯдакон мешавад. Бисёри ин наврасон бинобар нодории хонаводаҳояшон бо тавсияи волидон ва бо роҳбаладии яке аз хешовандонашон ба сафар мебароянд. Ва бидуни ваколатнома ё иҷозати хаттии волидон сурат гирифтани ин сафарҳову надоштани ҷойи муайяни зист боис мешавад, то онҳо аз сӯи кормандони мақомоти интизомии Русия боздошт ва ба манзилҳояшон истирдод шаванд.

Аммо, ба гуфтаи Нигина Зиёева, корманди хадамоти пешгирӣ аз қонунвайронкунии ноболиғон, дар аксари дигари мавридҳо наврасон ба ихтиёри худ ва бидуни ягон роҳбаладе ба Русия мегурезанд. Ин гурӯҳи муҳоҷирони наврас ғолибан аз оилаҳои носолим ва аз таҳсил дурмондаанд.

«Худсарона мераванд. Чун оилаҳояшон ноустувор аст. Волидон аз ҳам ҷудо шуда, кӯдак беназорат ва бетарбия таҳти таъсири муҳит ва дӯстони хиёбониаш мемонад.»

Ба гуфтаи хонум Нигина, ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки наврасон дар натиҷаи аз озодӣ маҳрум шудани волидони муҳоҷирашон дар кишвари Русия, қурбони вазъият шуда, танҳову бесаробон мемонанд. Ӯ дар ин маврид қиссаи як тифли шашсоларо мекунад, ки дар авохири соли гузашта ба Тоҷикистон оварда шуд.

“Модари Шабнами Диловарзода, соли таваллудаш 2004, аз сабаби фурӯши маводи мухаддир дар Русия дастгир ва ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Фарзандаш дар як парваришгоҳи Руссия нигоҳ дошта мешуд ва баъдан мо ӯро баргардонида, ба хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе супурдем.”

Созишномаи вижаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар оид ба баргардонидани ноболиғон ба ватан сар аз соли 1993 мавриди амал қарор
“ Модари Шабнами Диловарзода, соли таваллудаш 2004, аз сабаби фурӯши маводи мухаддир дар Русия дастгир ва ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Фарзандаш дар як парваришгоҳи Руссия нигоҳ дошта мешуд ва баъдан мо ӯро баргардонида, ба хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе супурдем.”
гирифтааст ва тибқи он хадамоти пешгирӣ аз қонунвайронкунии ноболиғон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои кор бо ноболиғони дигар давлатҳо дар самти дарёфту ба манзилҳои худ баргардонидани наврасони то 18-солаи оворагарду мардикори тоҷик кор мебаранд.

Ҷомеашинос Дилором Раҳматовамегӯяд, баргардонидани ноболиғони тоҷик ба ватан ҷиҳати пешгирӣ аз қочоқ шудани онҳо зарур аст, аммо, ба қавли ӯ, танҳо бозгашти ин наврасонро ба ватан ва боз ҳам ба ҳамон муҳите, ки онҳоро ба муҳоҷират водор карда буд, наметавон роҳҳали мушкил хонд. Ба эътиқоди хонум Раҳматова, ин наврасон аллакай аз таҳсил дур монда, дар фикри кору даромади маблағанд ва баробари бозгашт ба хонаводаи ниёзмандашон аксаран боз дар паи дарёфти роҳҳои дигари сафар ба муҳоҷират мешаванд ва ё дар дохил мондаву, рӯ ба ҷиноят меоранд.

Хонум Раҳматова мегӯяд, ҳоли ҳозир наврасон маҷбуранд барои пешбурди зиндагӣ ба хонаводаҳояшон кӯмак кунанд ва барои ба даст овардани маблағ ба коре машғул шаванд, ва бинобар ин ба қавли ӯ, бояд барои пешгирӣ аз сафари ғайрирасмии ноболиғон ба хориҷи кишвар ва ҷинояткорӣ, онҳоро ба таври расмӣ ба корҳое ҷалб кард, ки ба рушду сиҳатиашон безарар ва дар айни замон даромади молӣ дошта бошад.
XS
SM
MD
LG