Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонуми покистонӣ барои тирандозӣ муттаҳам шуд


Як хонуми покистонӣ барои тирандозӣ ба сӯи бозрасони амрикоӣ дар Афғонистон дар додгоҳе дар Нию Йорк муттаҳам шинохта шуд. Офия Сиддиқӣ, ки 37 сол дорад, моҳи июли соли 2008 ҳангоме, ки дар боздошт дар вилояти Ғазнии Афғонистон бозпурсӣ мешуд, силоҳи сарбози амрикоиро чангол зада гирифт ва ба сӯи кормандони кашфи Амрико ва низомиён ба тирандозӣ шурӯъ кард. Барои ҷилавгирӣ аз куштор дар они воҳид ӯро ба замин хобонданд. Касе аз амрикоиҳо осеб надид, вале худи Сиддиқӣ захм бардошт. Ҳукумати Амрико вайро барои робита бо ал Қоида муттаҳам медонад.
XS
SM
MD
LG