Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ироқ "рӯйхати сиёҳ"-ро бекор кард


Як додгоҳи таҷдиди назар дар Ироқ дастури манъи сабтиноми садҳо номзад ба интихоботи парлумонии рӯзи 7 мартро лағв кард. Ҳамдия Ҳусайнӣ, узви куммиссиюни интихоботи Ироқ гуфт, ҳукми додгоҳ тақрибан 500 номзадеро, ки исмашон дар рӯйхати сиёҳ меомад, фаро мегирад ва роҳи онҳоро барои ширкат дар интихобот боз мекунад.
Аксари ин довталабонро ба далели эҳтимоли доштани равобит бо ҳизби Баъси Саддом Ҳусейн ва бархеи дигарро ба иллати доштани собиқаи ҷиноӣ аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум карда буданд.
XS
SM
MD
LG