Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон беш аз 100 ёдгорӣ нобуд шудааст


Тайи 15 соли охир ба иллати омили инсонӣ дар Тоҷикистон беш аз 100 ёдгории фарҳангиву таърихӣ нобуд шудааст.
Музаффар Азизӣ, раиси идораи мероси фарҳангӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, бештари ёдгориҳои нобудшуда шаҳристонҳои қадима, дижҳову қалъаҳо ва сағонаҳои бостонӣ будаанд, ки тӯъмаи тасарруфи худсаронаи замин шудаанд. Оқои Азизӣ ба ихтиёри вазорати фарҳанг додани қаламрави ёдгориҳои таърихиро танҳо роҳи ҳифзи ин ёдгориҳо аз хатари нобудӣ донистааст.
Ӯ афзудааст, ки феълан дар вазорати фарҳанг ба таҳияи феҳрасти ҷадиди ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ шурӯъ кардаанд, ки беш аз 2000 ёдгориро фаро хоҳад гирифт. Феҳрасти қаблии ин ёдгориҳо ҳанӯз соли 1972 таҳия шуда буд.
XS
SM
MD
LG