Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ду ҷоизаи байнулмилалӣ ба "Қиёми рӯз"


Рамзи 28-умин Ҷшанвораи "Фаҷр"
Рамзи 28-умин Ҷшанвораи "Фаҷр"

Филми бадеии «Қиёми рӯз» (коргардон Носир Саидов, муаллифи сенария Сафари Ҳақдод) ду ҷоизаи ҷашнвораи байнулмилaлии Фаҷр дар Эронро соҳиб шуд.

«Қиёми рӯз» дар 28-уми ҷашнвораи байнулмилалии Фаҷр дар Эрон дар бахшҳои Беҳтарин коргардон ва Беҳтарин филми осиёӣ ҷойи аввал ва ҷоизаи асосиро гирифт. Сафари Ҳақдод, филмноманависи «Қиёми рӯз», ба хабаргузории «Ховар» гуфтааст, филми тоҷикӣ ба ин ҷоизаҳо дар миёни бештар аз 150 филм ноил шудааст.

«Қиёми рӯз» дар ин байн дар ҷашнвораи Каролои Ҳиндустон низ ҷоизаҳои «Беҳтарин кори коргардон» ва «Филми писандидаи мухлисон»-ро сазовор шуд.

Дар намоишҳои ин филм дар Ҷашнвораи 39-умини байнулмилалии Роттердам низ дар ин рӯзҳо, тавре коргардони он Носир Саидов ба хабаргузории «Ховар» гуфтааст, ҷойи холӣ набудааст ва ҳамаи чиптаҳо ба фурӯш рафтаанд.

Ин филмро нахустин филме дар Тоҷикистон меноманд, ки мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалии синамоӣ ба навор гирифта шудааст. Маблағгузори филм ширкати «Талко менеҷмент» номида мешавад. Нахустнамоиши он дар охири тобистони соли ҷорӣ дар Кохи Ҷомӣ баргузор гардида буд. Нақши асосии мардро ҳунарманди рус Юрий Назаров ва нақши асосии занро дар филм Насиба Шарифова бозидаанд. Барои Насиба (Нилуфар дар филм) ин нахустин пайдоишаш дар синамо мебошад. Нақшҳои дигарро Насриддин Нуриддинов ва Шодӣ Солеҳ бозидаанд. Оҳангсози филм Далер Назаров ва продюссери он Рустами Ҷонӣ мебошанд.

Филм дар бораи ду деҳаест, ки миёнашон танҳо як ҷӯй ҷорист ва аксари мардуми ҳар ду деҳ ҳамдигарро мешиносанд. Нилуфар ба Азиз номзад шудааст. Баногоҳ, миёни деҳаҳо марз мегузоранд ва ҳаёт дар ин макон дигаргуна мешавад. Модари Нилуфар дар рӯзи охирини ҳомиладорияш маҷбур мешавад ба бемористони деҳаи дигар биравад ва Нилуфар барои бо Азиз будан ҳамакнун бояд марзро бишканад.
XS
SM
MD
LG