Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи модари президентро ҳар сол ҷашн мегиранд


Элмира Ахундова-намояндаи порламони Озарбойҷон пешниҳод кард, ки ҳар сол зодрӯзи модари Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури ин кишвар ба унвони Рӯзи Модар дар Озарбойҷон таҷлил шавад. Аксари намояндагони порламон аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карданд. Ахундова истидлол мекард, ки 8-ӯми март, Рӯзи Байналмиллалии Озодии Занон суннати кӯҳнаи даврони шӯрасвист ва Рӯзи Модар ҳар сол 28-ӯми апрел дар зодрӯзи Зарифа Алиева-модари раиси ҷумҳур, ки соли 1985 даргузашта буд, бояд таҷлил шавад. Илҳом Алиев ба ин пешниҳод вокунише нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG