Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наворҳои гирифтори мушкили Хазинаи тилоӣ


Ба иллати шароити бади Хазинаи тилои Радиои Тоҷикистон эҳтимоли харобшавӣ ва аз байн рафтани осори бузургони фарҳангу ҳунари тоҷик пеш омадааст.

Хазинаи тилоии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар таҳхонаи бинои он ҷойгир буда, шароити мувофиқ барои нигаҳдории наворҳоро надорад.

Бо ворид шудан ба бинои ин хазина бӯйи рутубату нам ба димоғ мерасад. Дар рафҳои он садҳо таронаву оҳангҳои овозхонони мумтозу маъруфи Тоҷикистон, ба мисли Барно Исҳоқова, Зиёдулло Шаҳидӣ, Ҳоҷӣ Абдулазизхон, Акашариф Ҷӯраев ва сабти наворҳои нодир аз қабили шоҳномахонӣ, мавлавихонӣ ва ашъори шоирони муосир маҳфуз аст.

Чуноне кормандони хазина гуфтанд, тамоми фаслҳои сол ҳавои ин таҳхона сарду намнок аст ва ситемаи ҳавотозакунӣ надорад. Дар чунин шароит ва чунин фазо нигоҳ доштани наворҳои магнитӣ мумкин нест, зеро ба тадриҷ онҳо метавонанд хароб ва нобуд шаванд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори радиои давлатии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, агар ду-се соли дигар интизор мешудем ва хазинаи тилоиро ба системаи рақамӣ намегузарондем, ба эҳтимоли зиёд, қисмати зиёди он оҳангу таронаҳои нодирро, ки муллифонашон дар қайди ҳаёт нестанд, аз даст медодем.

Вай афзуд, «як мисоли рушан ҳамин аст, ки мо ба қарибӣ хостем достонҳои сароидаи гуруғлихони машҳури шарқ Ҳикмат Ризоро ба СД гузаронем, аммо лента рехт. Куллан хароб шудаву корношоям гаштааст. Мутахасисон гуфтанд, агар як-ду соли дигар ин сабтҳои нодир дар таҳхона нигоҳ дошта мешуд, 50 фисадашон корношоям мегашт. Хушбахтона мо онҳоро наҷот додем. Танҳо як фисади ин наворҳо нобуд шудаанд, боқӣ ҳамаашонро ба системаи рақамӣ гузаронидем».

Шаҳобиддини Ҳақназар, мудири бахши мусиқии радиои Тоҷикистон, бо изҳори ташвиш мегӯяд, ки ҳануз камбуди маблағ имкон намедиҳад, ки тамоми маводи тилоии хазина ба системи рақамӣ гузаронида шавад.

Вай афзуд, «ҳоло яку якбора намешавад ҳамаи хазинаро ба системаи рақамӣ гузаронем, вале эҷоди чандин бастакорони машҳурро ба монанди устод Хайруллоҳ Абдуллоев аллакай гузаронидем ва наҷот додем. Китоби махсус ҳам таъсис додем, ки ба осонӣ ҳар як аз ин бастакорон ва ҳунармандоне, ки эҷодашон дар Хазинаи тилоӣ маҳфуз аст, ба осонӣ дарёфт карда мешавад».

Хазинаи тилоии радиои Тоҷикистон ягона хазина дар сартосари кишвар аст, ки аз он киностудияи «Тоҷикфилм» ва театрҳои Тоҷикистон дар таҳияи филм ва намоишномаҳо ва низ идораҳои радиошунавонии мухталифи кишвар истифода мекунанд. Дар ҷашнвораҳои бузург низ ба ҳамин хазина рӯ оварда мешавад.

Ба қавли хазинадорон, агар ҷониби ҳукумат барои сабти таронаву оҳангҳои тилоии он дар наворҳои ситемаи ДВД, СД ва МД кумаки молӣ накунад, ин хазинаи нодир аз даст хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG