Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳимояти муҳоҷир бархост


Бино ба иттилои хабаргузории "Ховар", намояндаи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар умури муҳоҷират аз Русия дархост кардааст, ки ба Раҳмонқул Саломов-шаҳрванди Тоҷикистон кӯмаки ҳуқуқӣ кунанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, шаби 7-ӯм ба 8-ӯми январ дар шаҳраки Хлебниковои вилояти Маскав се шахси ношинос худро корманди хадамоти муҳоҷиратии Русия муаррефӣ кардаанд ва дарро шикаста, ба хонаи Саломов ворид шудаанд. Ин се нафар ба Саломов осеби шадиди ҷисмонӣ расонидаанд, дороӣ ва асноди сокинони ин хонаро гирифтаанд ва хонаро оташ задаанд. Сипас худашон савори мошини "Жигули" аз маҳали ҳодиса ғайб задаанд. Дар қаламрави Русия ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад, вале намояндагони ҳукумати Тоҷикистон барои ҳимоят аз шаҳрвандонашон ба нудрат ба чунин ҳамлаҳо таваҷҷуҳ мекунанд.
XS
SM
MD
LG