Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як нафар бар асари заҳролудшавӣ аз боимҷон


Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бар асари заҳролудшавӣ аз сабзавоти консервшуда як нафар ҳалок ва се тани дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Саид Аламов, иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи вогиршиносӣ дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, афроди заҳролудшуда, ё ба бемории мавсум ба ботулизм гирифторшуда аз як хонаводаи деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Мӯъминобод мебошанд. Аъзои ин хонавода ҳафтае қабл ҳангоми истеъмоли сабзавоти консервшуда ба чунин ҳол афтодаанд.

Ангезандаи батулизм дар дилхоҳ навъи сабзавот вуҷуд дорад, ки ҳангоми риоя накардан ба тозагӣ метавонад инкишоф ёбад ва ҳангоми истеъмол инсонро ба марг рӯ ба рӯ кунад ...
Ба гуфтаи ӯ, пас аз муроҷиат ба пизишкони сироятшиноси ин ноҳия се нафар аз марг наҷот дода шудааст, вале Кароматулло Лоиқов, фарзанди 20-солаи ин хонадон, ки бар асари истеъмоли боимҷони консервшуда зиёни ҷиддӣ дида буд, пас аз як рӯзи ҳодиса ҳалок гаштааст.

Ҷаноби Аламов мегӯяд, ангезандаи бемории батулизм дар дилхоҳ навъи сабзавот вуҷуд дорад, ки ҳангоми риоя накардан ба қоидаҳои тозагӣ метавонад инкишоф ёбад ва ҳангоми истеъмол инсонро ба марг рӯ ба рӯ кунад.

Ин чаҳорумин ҳодисаи заҳролудшавӣ аз хӯриши боимҷон дар солҳои ахир дар минтақаи Кӯлоб будааст. Қаблан дар соли 2008 се ҳодисаи ҳамсон дар ин минтақа рух дода буд, ки дар пайи он як духтари ноболиғ ҳалок ва якчанд нафар заҳролуд шуданд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони идораи вогиршиносии Кӯлоб тасмим гирифтаанд, ки миёни аҳолӣ дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳанд.

Ҳамзамон тавассути расонаҳои хабарии маҳаллӣ аз сокинон даъват шудааст, ки ҳангоми истеъмоли сабзавоти консервшуда аз эҳтиёт кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG