Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 қурбонии таркиши маргталабе дар Покистон


Бар асари таркиши маргталабонае дар назди як посгоҳи низомии шимолуғарби Покистон рӯзи шанбе 16 нафар ба ҳалокат расиданд. Як мақоми баландпояи давлатӣ Иқбол Хаттак дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, ки марди ҳамлагар бо камзӯли маводи мунфаҷира дар тан ба посгоҳи шаҳраки Хор, воқеъ дар минтақаи Баҷаур наздик шуда худро тарконд. Баъди саркӯби режими Толибон дар соли 2001 ин минтақа ба паноҳгоҳи садҳо тундгароҳоҳи исломӣ табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG