Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Хайринисо Юсуфӣ ва чанд мақоми дигар


Дар рӯзи дуввуми ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумати кишварчанд тағйироти дигар низ ба вуқӯъ пайваст.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Шерхон Салимзода аз вазифаи мушовири давлатии президент дар масоили сиёсати ҳуқуқӣ озод гардид ва ба ҷои Бобоҷон Бобохонов ба маснади додситонии кулли Тоҷикистон нишаст. Бобоҷон Бобохонов аз ин вазифа ба нафақа рафт.

Имрӯз ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон як қатор мансабдорони дигар, ки аз ҷониби ҲХДТ номзад ба вакилии порлумон пешниҳод шудаанд, аз мансабҳои худ барканор шуданд.

Ҳамин гуна, Шермуҳаммади Шоҳиён курсии раиси Шӯрои адлияро ба ҳамакнун собиқ муовини аввали раиси Додгоҳи Олӣ Зафар Азизов дод. Хайринисо Юсуфӣ бо курсии раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оила хайрухуш кард ва Низом Қосим дигар мудири шабакаи телевизионии кӯдакони "Баҳористон" нест. Раиси Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд Мунаввар Кенҷаева низ аз вазифа озод шуд.

Азизмад Имомов аз муовинати аввали вазири адлия, Сайфулло Гиёев аз муовинати раиси Додгоҳи Олӣ, Маҳмадшариф Ҳақдодов аз муовинати вазири саноат ва энержӣ барканор шуданд.

Бар илова, раисҷумҳури Тоҷикистон Абдусамеъ Додобоевро аз курсии муовини аввали Додситонии кулл ва Юсуфалӣ Муродовро аз курсии муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар барканор кард, якеро бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва дигареро бо сабаби ба нафақа баромадан.

Рустам Баротов аз вазифаи мудири Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ бо сабаби бемасъулиятӣ озод шуд.
XS
SM
MD
LG