Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ҳашт ҷангҷӯ дар Баҷовари Покистон


Нерӯҳои амниятии Покистон мегӯянд, дар минтақаи қабоилнишини Баҷовар дар наздикии марз бо Афғонистон, 10 ҷангҷӯро куштанд. Дар баёнияи расмии низомиён омадааст, ҷангҷӯёни кушташуда бахше аз гурӯҳи тундравоне буданд, ба посгоҳи амниятӣ ҳамла карданд. Ду узви гурӯҳи шибҳанизомии Ҷабҳаи Марзии Покистон дар ин ҳамла кушта ва чанд нафари дигар ҳам захмӣ шудаанд. Артиши Покистон, ки барои поккории минтақаи Баҷовар аз ҳузури ҷангҷӯён амалиёти васеъмиқёсеро дар соли 2008 шурӯъ кард, мегӯяд, ба ин ҳадафаш расидааст, агарчӣ даргириҳо дар инҷо гоҳ гоҳ идома кардаанд.
XS
SM
MD
LG