Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек роҳи алтернативии гази Тошкандро меҷӯяд


Саломат Айтикеев, раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Қирғизгаз», гуфтааст, кишвараш умедвор аст, ки сохтмони лӯлаи гази Туркманистон-Чин бозори рақобати газро дар Осиёи Марказӣ тавсеа хоҳад бахшид.

Ба гуфтаи оқои Айтикеев ҳамчунин Қазоқистон талош ба харҷ медиҳад, ки аз дарёи Хазар лӯлаи нави газро ба Осиёи Марказӣ бикашад. Ба таъкиди раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Қирғизгаз», дар он сурат Қирғизистон аз мушкилоти гази Тошканд наҷот хоҳад ёфт ва перомуни масъалаҳои зиёде, ки бо Тошканд вориди гуфтушунид аст, аз гузаштҳои худ сарфи назар намояд.

Гуфта мешавад, вале ба далели он, ки гази аз Туркманистон харидорӣ кардаи Бишкек қаламрави Ӯзбакистони ҳамҷаворро убур хоҳад кард, дар ҳоли ҳозир аз Туркманистон гази мавриди ниёзи худро харида наметавонад.

Бино ба суханони Саломат Айтикеев, тибқи натиҷаҳои музокироти Бишкек бо Тошканд соли 2010 Қирғизистон барои як ҳазор мукааб метр гази Ӯзбакистон 220 доллари амрикоӣ мепардозад. Ин мақоми қирғиз тазаккур додааст, ки вале бино ба шартҳои музокироти тарафайни ду кишвар дар ҳар се моҳ як маротиба нархи муқарраршудаи ҳазор мукааб метр газ метавонад тағйир ёбад.

Оқои Айтикеев ибрози умедворӣ кардааст, ки Қирғизистон дар ояндаи наздик аз болоравии нархи гази Ӯзбакистон ташвиш нахоҳад кашид.

Ба гуфтаи коршиносони масоили минтақавӣ, раванди музокироти имсолаи байни Бишкеку Тошканд мушкилоти зиёдеро низ дар миён овард ва Қирғизистон маҷбур шуд, ки Дониёр Усенов, нахуствазири худро барои идомаи музокирот ба Тошканд фиристад.

Гуфта мешавад, Дониёр Усенов тақозоҳои мақомоти Ӯзбакистон ҷиҳати таҳқиқи байналмилалии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота-1 дар болои рӯдхонаи Норинро пазируфт ва ба он ноил шуд, ки Ӯзбакистон гарантии интиқоли бемонеаи газ ба Қирғизистонро бар дӯш гирад.

Коршиноси масоили минтақавӣ Тоболдӣ Акеев тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ иброз дошт, ки ҷустани роҳҳои алтернативии гази Ӯзбакистон барои Қирғизистон вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ин коршинос, Қирғизистон аз захираҳои фаровони обу барқ бархурдор аст. Вай гуфт, баъди анҷоми сохтумони нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота-1, ки дар моҳи майи соли равон агрегати аввали он мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, Қирғизистон сохтмони нерӯгоҳи барқи Қамбарота-2-ро суръат хоҳад бахшид. Ба таъкиди ин манбаъ, имкониятҳои Қирғизистон дар мавриди содироти нерӯи барқ сол аз сол афзоиш хоҳад ёфт.

Тоболдӣ Акеев афзуд, ки дар Қирғизистон лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои барқи кӯчаки обӣ низ роҳандозӣ шудааст ва ҳамаи ин далелҳо бар он асос хоҳанд шуд, ки Қирғизистон роҳҳои алтернативии гази Ӯзбакистонро биҷӯяд.

Ба гуфтаи коршиноси масоили минтақавӣ, Қирғизистон аз манбаъҳои фаровони ангишт низ бархурдор аст, ки метавонад рақобат дар бозори гази Ӯзбакистонро коҳиш диҳад.

Бар асоси суханони ҳамсӯҳбати мо, вале Ӯзбакистон ҳаргиз аз васеъ шудани бозори рақобати гази худ нигарон нест. Тоболдӣ Акеев мегӯяд, гази табиӣ ҳамеша харидорони худро дорад ва Ӯзбакистон метавонад ин газро берун аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нархи гаронтар ба фурӯш расонад. Ба гуфтаи Тоболдӣ Акеев, Ӯзбакистон баъзан интиқоли гази табиӣ ба Қирғизистонро қатъ мекунад ва ин сабабҳои худро дорад.

Мавсуф мегӯяд, яке аз сабабҳои қатъи гази Ӯзбакистон ба Қирғизистон сари вақт пардохт накардани қарзҳост, ё ҷониби қирғиз пардохти қарзҳояшро ба таъвиқ мегузорад ва ё баъзан қодир нест, ки ин қарзро фавран бипардозад.

Дар ҳамин ҳол иддае аз коршиносону таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Ӯзбакистон хилофи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон аст. Гуфта мешавад, ин кишвар пофишорӣ менамояд, ки ин нерӯгоҳҳои барқ сохта нашаванд. Ба гуфтаи ин манобеъ, сабаби нигаронии Ӯзбакистон аз сохтмон дар он аст, ки фасли гармо киштзорҳои зиёди он бидуни обёрӣ мемонанд ва иқтисоди он аз камбуди об хисороти зиёди молӣ хоҳад дид.
XS
SM
MD
LG