Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз тарҳҳои сулҳи Кобул


Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз талошҳои ҳукумати Афғонистон барои мусолиҳа бо он намояндагони ҷунбиши “Толибон”, ки аз хушунат даст бардоштаанд, пуштибонӣ мекунад. Дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон, ки рӯзи панҷшанбе дар Лондон баргузор шуд, дар бораи ҷудо кардани 140 миллион доллар барои Бунёди тозатаъсиси мусоидат ба вуруди афроди мусаллаҳ ба зиндагии осоишта тасмим гирифта шуд.
Дар ин нишаст намояндагони тақрибан 70 кишвар ҳамчунин тарҳи интиқоли ботадриҷи назорати таъмини амнияти кишвар аз Эътилофи байнулмилалӣ ба артишу полис ва нерӯҳои амниятии Афғонистонро низ ҳамоҳанг сохтанд. Интизор меравад, ки тайи панҷ соли оянда таъмини назорат комилан бар дӯши худи афғонҳо вогузор шавад. Дар нишасти Лондон ҳамчунин тарҳи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай барои мубориза бо фасод пазируфта шуд ва аммо таъкид гардид, ки идомаи кумакҳо ба Афғонистон бо татбиқи ин тарҳ марбут хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG