Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури дохилаи Украина аз мақомаш бекор шуд


Имрӯз парлумони Украина вазири умури дохилаи ин кишвар ва муттафиқи наздики нахуствазир Юлия Тимошенкоро аз вазифа сабукдӯш кард. Таҳаввулоти мазкур фазои бе ин ҳам пуртаниши пешазинтихоботии ин кишварро пуршиддат кардааст. Ҳоло мубориза миёни ду рақиб - нахуствазир Юлия Тимошенко ва раҳбари мухолифин Виктор Янукович хеле доғ аст. Ташаббуси аз мақом бекор кардани Юрий Лутсенко ба ҳизби “Минтақаҳо”-и Янукович тааллуқ дорад. Баъди раъйгирии имрӯзаи парлумон Тимошенко гуфт, ки Лутсенко иҷрои салоҳиятҳои худро ба ҳайси муовини аввали нахуствазири Украина идома хоҳад дод. Вай афзуд, ки дар нишасти ҳукумат шоми имрӯз ӯ Лутсенкоро чун иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохила ва муовини аввали раиси ҳукумат нигоҳ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG