Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати Максим Боқиев дар Русия масдуд шуд?


Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки маъмурияти раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар нисбати сару садоҳо оид ба масдуд шудани ҳисобҳои бонкиву тиҷорати марбут ба писари Қурмонбек Боқиев аз ҷониби Русия “бо шубҳа менигарад”. Александ Князев, як таҳлилгари сиёсӣ ва раиси пажӯҳишгоҳи давлатҳои мустақил ҳафтаи ҷорӣ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки баъзе сармояҳои Максим Боқиев, писари президент ва раиси Оҷонсии марказии рушди Қирғизистон масдуд ва бархе ширкатҳои ба ӯ иртиботдошта мутаваққиф шудааст. Вай гуфт, ки дар Русия алайҳи ширкатҳои тиҷоратии қирғизистонӣ 18 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва дар миёни онҳо ширкати “Олтин”-и вобаста ба Максим Боқиев ҳам ном бурда мешавад. Князев гуфт, ки таҳқиқи ин парвандаҳоро маъмурияти раиси ҷумҳурии Русия пеш мебарад. Яке аз мақомоти маъмурияти президенти Қирғизистон дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ ба писари Боқиев мутааллиқ будани ин ширкату сурат-ҳисобҳоро зери суол бурд. Худи Максим Боқиев дар сӯҳбат бо хабаргузории интернетии 24.kg вуҷуди сурат-ҳисобҳои бонкӣ ва ё тиҷорати хусусиро дар Русия рад кардааст.
XS
SM
MD
LG