Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти маҳаллӣ ришвахорӣ кардаанд


Имрӯз Фатоҳ Саидов-раиси Ожонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар ҳамин рӯзҳо Саид Бобоазизов-муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷурми даст доштан дар ришвахорӣ аз тарафи кормандони ожонсии мазкур боздошт шудааст. Бобоазизов аз як сокини ин ноҳия барои қитъаи замине 6 000 доллар ришва хостааст. Ба гуфтаи раиси ожонсӣ, моҳи октябри соли гузашта бо ҳамин ҷурм Нарзигул Воҳидова-муовини раиси ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон низ боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG