Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии Эрон ба осебдидагони зилзила


Алиасғари Шеърдӯст, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, маротибаи дуввум аст, ки кӯмакҳои давлати Эрон ба мардуми осебдидаи ноҳияи Ванҷ расонида мешавад.

«Дар марҳилаи аввал ба миқдори 50 ҳазор доллар, иборат аз маводи рӯзгор, хайма ва хӯрока тариқи ҳавопаймо ба мардуми зарардидаи ин минтақа расонида шуд. Инак шоми имрӯз корвони кӯмак иборат аз беш 70 ҳазор доллар тариқи роҳи нақлиёт ба мардуми он ҷо фиристода мешавад»,- гуфт дипломати эронӣ.

Дар ин нишаст, ки намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иштирок дошт, сафири Эрон гуфт, баъди муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди кӯмак ба мардуми осебдида, нахуст давлати Эрон иқдом кард.

Бар асари заминларзаи моҳи январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ беш аз 6 миллиону шашсад ҳазор сомонӣ хисорот ворид шудааст.

Умуман, бино ба иттилои Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон, соли 2009 аз кишварҳои хориҷ ҳудуди 6 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмакҳо ироа шуданд.
XS
SM
MD
LG