Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди раҳбарон ба Давос оғоз шудааст


Вуруди раҳбарони сисёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳон ба шаҳраки Давоси Шветсария оғоз шудааст. Дар он ҷо Маҷмаи ҷаҳонии иқтисодӣ баргузор мешавад ва дар кори панҷрӯзаи он ҳудуди 2 500 нафар ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад, ки ширкаткунандагон дар ин маҷмаъ роҳҳои барқарории иқтисод аз бӯҳрони ҷаҳониро баррасӣ кунанд. Баъд аз таназзули бузург дар солҳои 1930-юм бори аввал ислоҳот дар саноати молӣ дар садри масълаҳои мавриди баҳс қарор хоҳад дошт. Интизор меравад, ки дар поёни имрӯз дар маросими гушоиши ин маҷмаъ Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG