Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари қочоқбарон боздошт шуд


Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод Айниддин валади Шарофиддин, раҳбари як гурӯҳи қочоқбари афғонро дар мавзеи Ёли ин ноҳия ҳангоми интиқоли маводи мухаддир боздошт кардаанд.

Неъмат Наимов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ин ноҳия, мегӯяд, ҳангоми боздошт аз қочоқбар 43 килограм маводи нашъадори навъи марихуана ва ду норинҷаки тамғаи F1 мусодира шудааст. Ба гуфтаи сарҳанг Наимов, боздошти раҳбари як гурӯҳи қочоқбар маънои баста шудани як роҳи интиқоли маводи мухаддир дар ноҳияи Шӯроободро дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Иброҳим Азизов, раиси ноҳияи Шӯрообод, соли 2009 дар сарҳади ноҳия ҳангоми задухурдҳо даҳ қочоқчӣ ҳалок шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Азизов фаъолияти марзбононро дар самти пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддар қаноатбахш арзёбӣ кард, ҳарчанд, ба гуфтаи вай, бо сабаби душворназорат будани марзи ҳудуди ноҳия то кунун сарҳад пурра муҳофизат намешавад.

Ноҳияи Шӯрообод дар минтақаи Кӯлоб бо Афғонистон 156 километр хати марзи муштарак дорад. Тибқи иттилои расмӣ, дар мавзеъҳои касногузари ин ноҳия гурӯҳҳои пинҳонии қочоқбарони афғон то ҳанӯз фаъолият доранд.
XS
SM
MD
LG