Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филме, ки аз буҷаи Тоҷикистон бештар даромад овардааст


"Авеста.тҷ" менависад, филми «Аватар», ки имрӯз дар ҳама ҷо вирди забон аст, рекорди пурфурӯшии «Титаник»-ро шикаст ва дар таърихи синамои ҷаҳон ба ҷои аввал баромад.

«Титаник» дар тӯли 6 моҳ як миллиарду 843 миллион доллар ҷамъ оварда буд, фурӯши «Аватар» дар шаш ҳафта ин рақамро убур кард ва ба як миллиарду 85 миллион доллар расид. Сайри «Аватар» дар синамохонаҳои ҷаҳон идома дорад ва ин рақами ниҳоӣ нест. Ин рақам аз буҷаи кишварҳои зиёде, аз ҷумла аз буҷаи Тоҷикистон ( 1,2 миллиард доллар дар соли 2009) бештар аст.

«Аватар» аз саргузашти Ҷейк Саллӣ, низомии маъюби амрикоӣ, дар сайёраи Пандора қисса мекунад. Ҷейкро ба ҷисми махлуқи дар озмоишгоҳ офаридашуда пайваст мекнуанд ва тавассути чунин суррогат ӯ ба Пандора меравад. Пандора хонаи қавме бо номи Нави аст, ки онҳоро як ширкат ба хотири захоири табиӣ аз сайёраашон мехоҳад берун кунад ва нобуд созад. Қаҳрамони филм дар он ҷо ба духтари сардори қабила ошиқ мешавад.

Ба навиштаи сомонаи "Авесто", аксари мунаққидони синамо бар онанд, ки «Аватар» барои Ҷеймс Камерон на камтар аз «Титаник» ҷоизаҳои байнулмилалиро хоҳад овард. «Аватар» аллакай ду ҷоизаи Golden Globes-ро гирифтааст ва моҳи оянда ҷоизаҳои зиёдеро дар Оскар ба худ касб хоҳад дод.

Филме, ки бо гаронтарин масрафот дар таърихи синамо – 300 миллион доллар ба навор гирифта шудааст, дар саросари ҷаҳон шӯреро барангехтааст. Масалан, дар Чин исми кӯҳеро «Аватар» гузоштаанд. Мақомоти ин вилояти чиноӣ хуб фикр ҳам кардаанд – фаҳмидаанд, ки Пандора барои сайёҳон дур аст, вале ин кӯҳ наздик ва дастрас.

Ҷеймс Кемерон, марде, ки дар як даҳсола ду пурфурӯштарин филми ҷаҳонро сохтааст, аллакай гуфтааст, қисми дуввуми «Аватар»-ро низ бо Сэм Уортингтон, ҳунарманди австралиягӣ, ба навор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG