Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи расмии равобити Русия ва НАТО


Русия ва НАТО имрӯз расман равобити худро, ки ба думболи ҷанги Русия дар Гурҷистон дар соли 2008 қатъ шуда буд, аз сар гирифтанд. Сухангӯи паймони Атлантики Шимолӣ гуфт, мулоқоти имрӯзаи намояндагони 27 кишвари узви НАТО бо сардори ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия, генерал Николай Макаров ба беҳбуди ҳамкориҳои фаннӣ ва талошҳои муштараки зидди терроризму раҳзании дарёӣ тамаркуз хоҳанд ёфт. Сухангӯ, сарҳанг Массимо Паниззӣ ҳамчунин гуфт, мумкин аст, тарафҳо масъалаи ҳамкории бештар дар масъалаи Афғонистонро низ баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG