Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаттоҳ Саидов: "Барои афв пора гирифтаанд"


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, мегӯяд, дар аксари мавориди татбиқи қонуни афв нисбат ба маҳкумшудагон талаби ришва ҷой доштааст.

Вай дар ин бора дар нишасти хабарияш дар шаҳри Душанбе гуфт: “Қонуни авфро қабул карданд. Ва мо хуб медонем, ки тақрибан ягонтои он бидуни харҷи иловагӣ сурат намегирад”.

АВФ БА ИВАЗИ ПУЛ

Ҷаноби Саидов дар бастагӣ ба ин мавзӯъ иттилоъ дод, ки ду корманди додситонӣ дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҷилликӯл ва як додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо барои талаб кардани пора барои афви маҳкумшудагон боздошт кардаанд.

Вай афзуд, танҳо додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои афви як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа 2 ҳазор доллар талаб кардааст: “Ёвари додситони Восеъ барои татбиқи авф маблағ талаб кардааст. Дар ноҳияи Ҷилликӯл низ ҳамин ҳолат. Худи судяи ноҳияи Фирдавсӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа рафта пора гирифтааст. Мо ӯро дар майдони “Юност”-и шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт кардем. Дар ин ҷо ягон тавтеа нест. Дар ҳоле ки мо ба хонаи ӯ нарафтаем ва дар ҷайбаш пул намондаем”.

ЗАМИНАИ БАҲСИ ДУ НИҲОД

Фаттоҳ Саидов гуфт, ҳамаи ин парвандаҳо, ки боис ба сару садоҳо шудааст, марбут ба татбиқи қонуни авф мебошад. Қонуни авф дар робита ба муносибати 15–умин солгарди Қонуни асосӣ ва Соли бузургдошти Имом Абӯҳанифа, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, дар тирамоҳи соли гузашта аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон эълон шуд.

Қарор буд, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дар муддати се моҳ афвро дар нисбати афроде, ки шомил он ҳастанд мавриди иҷро қарор диҳанд. Ҳарчанд дар қонунҳои пешин мӯҳлати мавридb амал қарор додани қонуни афв шаш моҳ дар назар гирифта шуда буд. Тибқи охирин хабар аз мақомоти расмӣ то кунун ҳудудан панҷ ҳазор афроди маҳкумшуда мавриди авф қарор гирифтааст.

Бархе аз пайвандони афроди мавриди авф қароргирифта аз шарҳи чӣ гуна раҳо шудани пайвандонашон сӯҳбатро ҷоиз надонистанд. Аммо Шодавлат Шонусайриев, таҳлилгари тоҷик, эҳтимоли ҷо доштани чунин ҳолатро аз сӯйи кормандони ҳифзи ҳуқуқ сарфи назар накард.

ТАВТЕА Ё ВОҚЕИЯТ?

Чунин гуфтумонҳо дар ҳолест, ки чанд ҳафта қабл Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, ниҳоди мубориза бо фасоди
молиро мавриди интиқоди шадид қарор дод ва боздошти кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз сӯи ин оҷонсиро тавтеа ё провокатсия номид: “Ман чунин меҳисобам, ду-се ҷинояте, ки ба қайд гирифтаанд, тавтеа аст. Тавтеа на танҳо дар ҳаққи кормандони додситонӣ, балки дар ҳаққи додрасҳову милисаҳо низ”.

Барои аввалин бор нест, ки Бобоҷон Бобохонов ба унвони додситони кулл аз ниҳоди мубориза бо фасоди молӣ интиқод мекунад. Қабл аз ин ҳам чунин интиқодҳо аз забони ӯ садо додаанд. Вале аксар соҳибназарон ин танқидҳои батакрори ӯро ба робитаи шахсии раҳбарони ин ду ниҳоди давлатӣ – Бобоҷон Бобохонов ва Шерхон Салимзода, раҳбари собиқи оҷонсӣ, бастагӣ медоданд. Вале бо рафтани оқои Салимзода аз симмати раҳбарии Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ ҳанӯз ин мушкил вуҷуд дорад.

“ОҶОНСӢ ҲАМ ПОК НЕСТ”

Аммо дар посух ба иддаои ҷаноби Бобохонов, Фаттоҳ Саидов гуфт, ки ин ҳарфҳо асос надоранд ва ҳеҷ боздоште берун аз чаҳорчӯбаи қонун сурат нагирифтааст. Вай ҳамчунин ниҳоди худашро ниҳоди саросар пок наномид ва гуфт, танҳо дар як соли гузашта 20 корманди ин ниҳод ба далели боло донистани манофеъи шахсӣ аз манофеъи давлатӣ аз кор хориҷ шуданд.

Раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ҳамчунин омор овард, ки дар соли 2009 алайҳи бештар аз 80 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла 39 корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 18 афсари Вазорати дифоъ, 11 корманди Вазорати адлия, 3 додрас ва 3 додситон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Фаттоҳ Саидов ҳамчунин иттилоъ дод, ки як муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Саид Бобоазизов, бо ҷурми талаби 6.000 доллар ришва аз як сокини ноҳия барои ҷудо намудани 0,8 гектар қитъаи замин боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG