Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавзаҳои орому сокити корзори интихоботӣ


Дар ҳоле, ки то рӯзи интихоботи порлумонии Тоҷикистон каме бештар аз як моҳ мемонад, ҳанӯз барномаи мулоқоти номзадҳо дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳру навоҳӣ таҳия нашудааст.

Ва ин ҳолат боиси он шудааст, ки то ҳанӯз номзадҳо наметавонанд, вохӯриҳои пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагонро оғоз кунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, номзад аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ки то имрӯз шаҳодатномаи номзадиро ба даст нагирифтааст ва барномаи вохӯрӣ бо интихобкунандагон низ аз тарафи ҳавзаи онҳо таҳия нашудааст.

Шокирҷон Ҳакимов, номзад аз ҲСДТ, мегӯяд, то ба ҳол шаҳодатномаи номзадиро ба даст нагирифтааст
Вай меафзояд, «то ба ҳол номзадҳоро аз ин ҳавза ба қайд нагирифтаанд ва аз ин хотир, тибқи қонунгузорӣ, мо ҳуқуқи доир намудани сӯҳбату вохӯриҳои расмиро бо интихобкунандагон ва паҳн кардани варақаҳои интихоботиро надорем.»

Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот, дар робита бо ин нигарониҳо гуфт, ки аз рӯи маълумоти ӯ, ин ниҳод ба ҳама номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо шаҳодатномаҳои номзадиро ироа кардааст ва онҳо аз ҳоли ҳозир имкон доранд, ки тариқи радио ва телевизион ва дар мулоқоти рӯбарӯ бо раъйдиҳандагон барномаҳои худро таблиғу ташвиқ кунанд.

Оқои Болтуев мегӯяд, ин ҷо мушкил шояд дар ҳавзаҳо бошад, ки онҳо дар додани шаҳодатномаҳо ва таъини ҷадвали вохӯриҳои номзадҳо кӯтоҳӣ мекунанд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот сару садоҳоро дар атрофи он, ки ҳавзаҳои интихоботӣ бо ҳар баҳона корро кашол медиҳанд ва интизори «иҷоза»-и боло ҳастанд, бепоя хонд. Вай гуфт, ки бояд номзадҳо аз ҳавзаҳо ҷадвали вохӯриҳоро талаб кунанд ва ё ба КМИ муроҷиат кунанд.

Аммо Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР, мегӯяд, ин ниҳод ба ҳамаи номзадҳо шаҳодатномаи номзадиро ироа кардааст
Якоша Кабирӣ, номзад аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар Файзобод, мегӯяд, ки шаҳодатномаи номзадиро гирифтааст, аммо то ба ҳанӯз ягон вохӯрӣ бо интихобкунандагон нагузаронидааст. Ба гуфти вай, имрӯз ҳавзаи интихоботии Файзобод ҷадвали вохӯрии номзадҳоро бо интихобкунандагон тартиб дода, барои номзадҳо пешниҳод кардааст.

Оқои Кабирӣ гуфт, «мо ҳамин рӯз омадем ва ҷадвале, ки худи ҳавза таҳия кардааст, ба мо доданд. Бояд, ки пагоҳ ба вохӯриҳо оғоз кунем, аммо ин то куҷо ин воқеият дорад, ҳоло чизе гуфта наметавонем».

Субҳи рӯзи душанбе мо талош кардем бо фаъолияти ҳавзаи интихоботии ноҳияи Сомонии пойтахт ошно шавем. Вале дар ин ҳавза масъулеро пайдо карда натавонистем. Дар посух ба суоли он, ки чаро ҷадвали вохӯрии номзадҳо омода нест, ёвари раиси ин ҳавза гуфт, ки аз пагоҳ ба таҳияи ҷадвали вохӯрии номзадҳо оғоз хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол коршиносон бар инанд, ки шеваи кори ҳавзаҳои интихоботӣ ба манфиати маъаракаи интихоботӣ нест ва хилофи мавқеи раисиҷумҳур аст, ки ваъдаи шаффофу одилона ва бо риояи қонуни интихобот доир шудани интихоботро дода буд.
XS
SM
MD
LG