Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия баъд аз 5 моҳи эълон вориди Киев шуд


Имрӯз сафири Русия дар Украина, ки панҷ моҳи пеш дар ин мақом таин шуда буд, вориди Киев шуд ва он ишорае ба беҳбуди муносиботи миёни ин ду кишвар дониста мешавад. Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия Михаил Зурабовро моҳи августи соли 2009 сафири кишвараш дар Украина эълон кард. Вале баъд аз чанд рӯзи ин эълон оқои Медведев Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури ғарбгарои Украинаро муттаҳам кард, ки вай ба таблиғи сиёсати зидди Русия машғул аст ва гуфт, ки фиристодани сафири Русияро ба Украиана ба таъхир меандозад. Мақомоти расмии Русия мегӯянд, онҳо умед доранд, ки баъд аз интихоби раиси ҷумҳури нави Украина дар моҳи оянда муносиботи ин ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ду номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ, ҳам Виктор Янукович ва ҳам Юлия Тимошенко, ки барои пирӯзӣ дар даври дуввуми интихобот дар 7-ӯми феврал бо ҳам рақобат мекунанд, қавл додаанд, ки муносиботро бо Русия беҳтар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG