Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархи пахта қурби сомониро боло бурд


Шариф Раҳмизода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Шариф Раҳмизода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ахиран боло рафтани қурби пули миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ ба ин далел аст, ки нархи ду маҳсулоти аслии Тоҷикистон – пахта ва алюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтааст.

Шариф Раҳмизода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ гуфт, нархи алюминиюм аз 1600 доллари қаблӣ то 2400 ва пахта - аз 800 то 1600 доллар боло рафтааст.

Қаблан қурби як доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон то 4 сомониву 44 дирамро ташкил мекард. Вале рӯзҳои ахир дар дӯконҳои саррофии ҷумҳурӣ як доллар бо 4 сомону 35 дирам фурӯхта мешавад.

Беқурбшавии бесобиқаи сомонӣ дар соли 2009 ҳамзамон бо бӯҳрони молии ҷаҳонӣ сурат гирифта буд ва давоми сол нархи сомонӣ нисбат ба доллар 27 дарсад арзон шуд.

Аксари коршиносон поин рафтани қурби сомониро ба ду иллати аслӣ - коҳиши нархи пахтаву алюминиюм ва кам шудани воридоти пули муҳоҷирони корӣ рабт медоданд.

Аз сӯи дигар уфти қурби сомонӣ ба қиммати колоҳо дар бозорҳои дохилӣ низ таъсир кард ва нархи анвои маводи ғизоӣ, ки аксаран аз хориҷа ворид мешавад, боло рафт.

Баъзе аз таҳлилгарон хабари афзоиши нархи пахта ва алюминиюмро барои Тоҷикистон фоли нек медонанд ва бар ин назаранд, ки ин раванд ҳадди аққал болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилиро бозмедорад.
XS
SM
MD
LG