Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои Боинг 737 дар баҳри Миёназамин


Ҳавопаймои ширкати EthiopianAirlines бо 85 мусофир чанд лаҳза баъд аз тарки фурудгоҳи шаҳри Бейрут дар баҳри Миёназамин суқут кард. Ба иттилоъи расмӣ, ҳавопаймои Боинг 737 назар аз вақти муқараршуда дертар ҷониби сӯи шаҳри Аддис-Абеба, пойтахти Ҳабашистон парвоз кард ва аммо панҷ дақиқа баъд аз экрани радарҳо нопадид шуд. Сокинони маҳаллаҳои соҳили баҳр гуфтанд, ки онҳо шоҳиди суқути ҳавопаймо дар баҳр шуданд.
Гуфта мешавад, ки тақрибан 50 нафари мусофирони ҳавопаймо сокинони Лубнон ва дигарон – асосан сокинони Ҳабашистон буданд. Айни ҳол ягона фарзияи суқути ҳавопаймо – обу ҳавои номусоид аст.
Мақомоти баландпояи Лубнон баъд аз шунидани хабари суқути ҳавопаймо дар фурудгоҳи ба номи Рафиқ Ҳарирӣ ҳозир шуданд.
XS
SM
MD
LG