Маҳмадамин Шарифов – намояндаи сафорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса рӯзи 21-уми январ ба вуқӯъ пайвастааст ва тифли семоҳа сиҳати саломат дар назди волидонаш мебошад.
Маҳмадамин Шарифов ба Радиои Озодӣ гуфт, як зани мисрӣ бо роҳи фиреб тифли Амир Ҳамза донишҷӯ ва шаҳрванди Тоҷикистонро аз иқоматгоҳаш рабудааст ва баъди муроҷиати сафорат, ниҳодҳои амниятии Миср он занро бо тифл дар 30 километрии маҳалли ҳодиса пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи Маҳмадамин Шарифов, тифли навзод сиҳати саломат ба волидонаш баргардонида шудааст.