Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Афғонистонро ба таъхир андохтанд


Дар як ҳаракате, ки зоҳиран аз тарафи кишварҳои ғарбӣ истиқбол хоҳад шуд, мақомоти расмии Афғонистон интихоботи порлумонии ин кишварро то тирамоҳи имсол ба таъхир андохтанд. Кумиссиёни интихоботии Афғонистон эълом кард, ки интихобот на 22 –уми май, балки 18-уми сентябр баргузор хоҳад шуд, зеро ин кумиссиён манобеъи лозим барои доир кардани интихоботро дар ихтиёр надорад.

Ба гуфтаи мақомоти кумиссиёни интихоботӣ, онҳо ҳанӯз 150 миллион доллари лозимӣ барои баргузории интихоботро дарёфт накардаанд. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, пофишорӣ карда буд, то интихобот дар баҳори ҳамин сол ва дар моҳи май доир шавад, аммо бисёре аз дипломатҳои хориҷӣ тарафдори таъхир дар интихобот буданд, то ба гуфтаи онҳо, аз такрори тақаллубе, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли гузашта пешгирӣ шавад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи август дар Афғонистон Ҳомиди Карзай ва ҷомеаи ҷаҳониро ҳиҷолатзада ва шармсор кард, ки он интихоботро имтиҳони демократия дар ин кишвари ҷангзада мехонданд. Баъди чанд ҳафтаи баҳсу даъво доир ба тақаллуб дар интихобот, кумиссиёни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ, бештар аз як миллион раъйи Ҳомиди Карзай ва рақиби аслии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳро беэътибор эълом кард. Даври дуввуми интихоботро низ лағв карданд, зеро Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз ширкат дар ин давр даст кашид ва ҳамин гуна имкон дод, Ҳомид Карзайро пирӯзи интихоботи олуда ба тақаллуб эълом кунанд.

Ҳам дар Афғонистон ва дар хориҷ аз он нигарониҳо вуҷуд доштанд, ки интихоботи дигари олуда ба тақаллуб метавонад, ҳимоят аз Ҳомид Карзайро коҳиш диҳад, ки ҳоло саъй дорад, барои муқобила бо Толибон кишварро дар гирди худ муттаҳид намояд. Кишварҳое зиёде ҳам ибрози нигаронӣ мекарданд, ки посбонии ҳавзаҳои интихоботӣ дар моҳи май, ба ҷанг алайҳи Толибон таъсири манфӣ мегузорад, зеро масъулияти таъмини амнияти ҳавзаҳои интихоботӣ ба дӯши нерӯҳои изофие, меафтад, ки чанде пеш ба Афғонистон фиристода шудаанд. Кумиссиёни интихоботии Афғонистон ҳеҷ ишорае дар мавриди Азизуллоҳ Лудин, раҳбари ин кумиссиён накардааст, ки мӯҳлати раёсаташ 23 январ ба поён расид.
XS
SM
MD
LG