Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаитӣ: Шумори қурбониёни зилзила ба 110 ҳазор расид


Вазорати умури дохилии Ҳаитӣ мегӯяд, шумори кушташудагони зилзилаи фоҷеабор дар ин кишвар аз марзи 110 ҳазор нафар убур кардааст.

Баъд аз 10 рӯзи заминларзаи маргбор дар Ҳаитӣ корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад. То имрӯз ҷасади 80 ҳазор қурбонии зилзилаи Ҳаитӣ ба хок супурда шудааст. Аз рӯи тахмини мақомоти расмии Ҳаитӣ, теъдоди умумии қурбониён метавонад то 200 ҳазор афзоиш ёбад.

Ҳамзамон Сандуқи байналмилалии пул хостори таҳияи як барномаи фарогири кӯмак ба Ҳаитӣ шудааст. Доминик Страусс-Кан, раиси ин созмон, гуфт, Ҳаитӣ ба мушкилоти мухталиф – аз як сӯ ба офати заминларза ва аз сӯи дигар ба бӯҳрони ғизову маводи сӯхт рӯбарӯст ва ба кӯмаки бузургтаре ниёз дорад.

Дар ҳоле, ки мардуми осебдидаи Ҳаитӣ чашм ба роҳи кӯмакҳои байналмилалианд, бино ба хабарҳо, пойтахти Ҳаитӣ шаҳри Порт-о-Принс ба мавҷи хушунат, ғоратгарӣ ва тахрибкорӣ рӯбарӯ шудааст. Хушунату дуздӣ натиҷаи ҳароси мардуми осебдида аз дастрас набуди маводи ғизоии кофӣ будааст. Дар маҳалли зилзила мушкилоти беҳдоштӣ низ пеш омадааст

Бо вуҷуди ин, ки дар Ҳаитӣ ҳудуди 10 000 сарбози хориҷӣ амниятро таъмин мекунанд, дархостҳо дар бораи фиристодани ҳазорон нафари дигар матраҳ мешавад.

Мақомоти Амрико гуфтаанд, бар иловаи 1700 сарбози амрикоии мустақар дар Ҳаитӣ боз 2000 сарбози дигар бояд ба ин кишвари офатзада бирасанд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳам аз Шӯрои Амният хост, ки ба Ҳаитӣ 2000 сарбоз ва 1500 пулиси изофӣ эъзом кунанд.

Devastating Haiti Earthquake Kills Thousands
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG