Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасте дар зодрӯзи Сайдар


Радиои «Озодӣ» бо мусоидати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе аз зодрӯзи Муҳаммадраҳими Сайдар, хабарнигори радиои «Озодӣ» ва нависандаи шириёбаёни тоҷик таҷлил кард.

Таҷлил аз 58-умин зодрӯзи Муҳаммадраҳими Сайдар, бе ҳузури ӯ доир шуд ва аммо ҳама аз номи накуву садоқаташ ба ватану фарҳанг ёд карданд.

Муҳаммадраҳими Сайдар тақрибан дар тӯли даҳ соли ахир аз Маскав барои радиои «Озодӣ» гузориш медод. Бештарин гузоришҳояш аз рӯзгори мардуми Тоҷикистон дар ғурбат дар Русия ва муҳоҷирини меҳнатии тоҷик буд. Даҳҳо гузориш аз қатли фарзандони муҳоҷири Тоҷикистон дар ин кишвар таҳия карда буд, даҳҳо гузориши дигар медод, ки тобутҳои оҳанини муҳоҷиринро ба тайёра ба сӯи зодгоҳ мефиристоданд.

Ва рӯзе Худованд ҳамин роҳ ва ҳамин ранг сафари охиринро ба ӯ тақдир кард. Тобути оҳанини ӯ дар оғози моҳи январ аз тариёи тайёра ба Душанбе расид ва ӯ дар водии Рашт ба макони охирати худро пайдо кард.

Радиои «Озодӣ» дар навори зер ёде аз корманди собиқадори худ мекунад.

Ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:38 0:00
XS
SM
MD
LG