Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нақли маҳбусони афғон аз Тоҷикистон ба Афғонистон


Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон масъалаи интиқоли шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, баррасӣ карданд. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Сайид Муҳаммади Хайрхоҳ, мегӯяд, ин гуфтушунид замоне мумкин шуд, ду кишвар як сол пеш созишномаи ба ҳамдигар додани маҳкумшудагонро имзо карданд. Ҳоло дар маҳбасҳои Тоҷикистон 270 шаҳрванди Афғонистон ба сар мебаранд, ки аксарияти онҳо дар қочоқи маводи мухаддир айбдор шудаанд.
XS
SM
MD
LG