Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Амрико


Мавзуи баргузории машваратҳои сиёсии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Амрико, ки интизор меравад 8-9-уми феврали соли ҷорӣ сурат бигирад, дар мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кеннет Гросс, сафири ИМА дар Душанбе, баррасӣ шуд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфт, байни ду кишвар барои тавсеаи муносибот имконоти зиёд вуҷуд дорад ва мо бояд аз он истифода кунем.
Сафири Амрико дар навбати худ гуфт, ин машваратҳо барои баррасии масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвар шароит фароҳам хоҳад кард.
Дар ин мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкориҳои сиёсӣ-иқтисодӣ, роҳандозии тарҳҳои энержӣ ва нақлиётӣ, ҳамчунин вазъи Афғонистон самтҳои аслии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико маҳсуб мешаванд.
XS
SM
MD
LG