Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёни ҳаводиси январи 1990 дар Боку


Озарбойҷон дирӯз солгарди 20-уми саркӯб шудани ҳаракати истиқлолталабӣ дар ин кишвар аз сӯи асокири шӯравиро гиромӣ дошт. Рӯзи 20 январи соли 1990 ҳудуди 26 000 сарбози Артиши Шӯравӣ бо ҳадафи ҳифзи ҳукумати коммунистӣ ба Боку, пойтахти Озарбойҷон рехтанд. Тайи чанд рӯзи саркӯбии эътирозҳо ва тирборони мардум дар Боку беш аз 130 тан кушта ва 700 тан маҷрӯҳ шуданд. Маскав дар Боку вазъи изтирорӣ низ ҷорӣ кард, ки беш аз як сол идома дошт.
XS
SM
MD
LG