Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати IMF ба таҳияи "нақшаи Маршалл" барои Ҳаитӣ


Мудири Сандуқи байналмилалии пул Доминик Страусс-Кан хостори таҳияи як барномаи фарогири кӯмак ба кишвари зилзилазадаи Ҳаитӣ ба монанди “нақшаи Маршалл” шуд. Эъмори Аврупо баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон маҳз бар пояи “нақшаи Маршалл” амалӣ шуда буд. Страусс-Кан гуфт, Ҳаитӣ ба мушкилоти мухталиф – аз як сӯ ба бӯҳрони нархи ғизову маводи сӯхт ва аз сӯи дигар ба офоти табиие, чун тӯфону заминларзаҳо рӯбарӯст ва ба кӯмаки бузургтаре ниёз дорад.
Мақомот тарс доранд, ки шумори қурбониёни заминларзаи як ҳафтаи пеш дар Ҳаитӣ метавонад болиғ аз 200 000 нафар шавад. Заминларза бахши бузурге аз пойтахти ин кишвар – Порт-о-Принсро ба хок яксон кардааст.
XS
SM
MD
LG