Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни Ироқ барои ҳимояти табибон аз ҳамлаҳо


Ҳукумати Ироқ қонунеро тасвиб кардааст, ки ба табибон иҷоза медиҳад, барои амнияти худ силоҳ дошта бошанд. Бино ба гузориши бахши ироқии Радиои Озодӣ, ҳадаф аз ин санад, ҳифзи табибон аз ҳар гуна ҳамлаҳо, аз ҷумла ҳамлаҳои терористист. Амир Хузоӣ - муовини вазири беҳдошти Ироқ гуфтааст, шароити кори табибон ҳоло дар кишвар сахт аст ва ба онҳо ба ҳар навъ таҳдид аз тарафи хешовандони беморони фавтида қарор мегиранд. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ироқ баъзан аъзои қабилае, дар марги хешаш табибонро гунаҳкор дониста ва аз онҳо хунбаҳо талаб мекунад. Қонуни мазкур, ки бояд дар порлумони Ироқ тасвиб шавад, табибонро аз чунин иддаъоҳои бепоя ҳимоят мекунад.
XS
SM
MD
LG