Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров пиромуни транзити молу коло ба Афғонистон


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба Радиои Озодӣ гуфт, Маскав то кунун транзити ҳамагӣ як ҳавопаймои ҳомили борҳои низомии Амрико ба Афғонистонро тавассути қаламраваш иҷозат додааст. Лавров гуфт, Амрико барои парвози як ҳавопаймои дигари низомиаш низ иҷозат хоста буд, вале баъдан ба далоили номаълум аз ин парвоз даст кашид.
Лавров гуфт, Русия барои иҷрои созишномааш бо Амрико дар масъалаи транзити молу коло ба Афғонистон омода аст, вале бархе масоили ҳаллношудаи фаннӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус бо Қазоқистон боқӣ мондааст, ки иҷрои ин барномаро дучори мушкил мекунад.
XS
SM
MD
LG